Пирўзии зани ихтироъкори тоҷик дар ҳамоиши ҷаҳонӣ
Душанбе, 29.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давалат).- Аз 16 то 23 майи соли равон дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ҳафтумин ҳамоиши байналмилалии «Занҳои ихтироъкор» баргузор гардид, ки ба он аз 26 давлати ҷаҳон 800 ихтироъ пешниҳод гардид.
Тоҷикистон дар ин ҳамоиш 3 ихтироъ пешниҳод кард. Муаллиф ва ҳаммуаллифи ду ихтироъ дар соҳаи кимиё ва як ихтироъ дар соҳаи тиб, ки устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори фанҳои кимиё, дотсент Мубошира Раҳимова мебошад, бо 1 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ қадрдонӣ шуд.
Тавре ки дар ин бора аз Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинӣ аввалин маротиба дар ҷаҳон ба Мубошира Раҳимова Ҷоизаи Ҷумҳурии Исломии Эрон зери унвони «Беҳтарин зани ихтироъкор» (Диплом) ва Ҷоизаи Ҷумҳурии Индонезия (Сертификат) супорида шуд.
Ин бори сеюм аст, ки бонувони ихтироъкори тоҷик дар чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби медалҳо ва ҷоизаҳои махсус мегарданд.
Ҳамоиши байналмилалӣ бо дастгирии Идораи патентии Кореяи Ҷанубӣ, Ассотсиатсияи занҳои ихтироъкори Кореяи Ҷанубӣ ва Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баргузор гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






