Рӯзҳои алифбои славянӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). — Бо ибтикори Калисои православии рус ва Намояндагии ҳамкории Русия дар Тоҷикистон дар ҳошияи рӯзҳои алифбо ва фарҳанги славянӣ 24 май дар Маркази фарҳангу илми Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе Рӯзи китоби православӣ баргузор мегардад.
Тавре ки аз Намояндагии ҳамкории Русия дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, рӯзи алифбо ва фарҳанги славянӣ ҳар сол 24 май ба хотири ёдбуди Кирилл ва Мефодии муқаддас дар Русия таҷлил мегардад.
Қобили зикр аст, ки ин ид ҳамчун рӯзи хотираи нахустмуаллимони халқҳои славян — бародарон Кирилл ва Мефодий машҳур аст. Дар Русия ин ид соли 1986 бори дигар эҳё гардида, соли 1991 бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Федератсияи Русия мақоми давлатиро касб намуд.
Ба фикри олимон, алифбои славянӣ ҳанӯз дар қарни 9, тахминан соли 863 таълиф шуда буд. Рӯзи хотираи ашхоси муқаддаси зикршуда ҳанӯз дар қарни 19 дар Булғористон таҷлил гардида, сипас ин анъана дар кишварҳои дигар аз қабили Русия, Украина, Беларус ва Молдова доман паҳн кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






