Рӯзҳои фарҳанги маънавии ФР дар ҶТ

Май 20, 2014 14:22

 
   Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар,  Кристина  Эрлих). —  Ба  манзури  рушду  таҳкими минбаъдаи  ҳамкории   фарҳангии  байни  Тоҷикистон ва  Федератсияи  Русия  аз  26  то  29  май Рӯзҳои  фарҳанги  маънавии  Федератсияи  Русия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргузор  мегарданд.  Дар  ин  бора  аз  Вазорати  фарҳанги  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.
Ҳайати  Федератсияи  Русия  иборат  аз  ходимони  намоёни  фарҳангу  санъати  ин  кишвар  аст. Дар  ҳошияи  рӯзҳои  фарҳанги  маънавӣ  дар  шаҳри  Душанбе  як  қатор чорабиниҳо  роҳандозӣ  мешаванд.
26  май  дар  Театри  давлатии академии опера  ва  балети  ба  номи  Садриддин  Айнӣ  маросими  ботантанаи  оғози Рӯзҳои  фарҳанги  маънавии Федератсияи  Русия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  муаррифии  намоишгоҳи  суратҳо  таҳти  унвони «Намунаҳои  Русия» баргузор  мегардад. 
27 май  дар Театри  драмаи  русии  ба  номи Владимир  Маяковский   намоишномаи «Беша» аз  рӯи  асари Александр Островский  рӯи  саҳна  оварда  мешавад.
Иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги  маънавӣ аз НБО Норак  дидор  намуда, композитсияи  мусиқиро  бар  шеъру  сурудҳои  солҳои  ҷанг  манзури  ҳаводорони  фарҳанги шаҳри  Норак  менамоянд.
29  май  дар  Театри  давлатии академии  опера  ва  балети  ба  номи  Садриддин  Айнӣ  маросими  ботантанаи  анҷоми Рӯзҳои  фарҳанги  маънавии  Федератсияи  Русия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргузор   мешавад.
 

Май 20, 2014 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?