Рақобати донишҷӯён дар “Базми ғазал”
Душанбе, 31.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо ташаббуси намояндагони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон ва “Созандагони Ватан” бахшида ба 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва 20-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни макотиби олӣ ва коллеҷу литсейҳо маҳфил-озмуни “Базми ғазал” гузаронида шуд. Маҳфил-озмун аз 3 шарт иборат буд: қироати ғазал аз эҷодиёти А.Ҷомӣ, посух гуфтан ба саволҳои шифоҳӣ, омода намудани лавҳа.Дар натиҷа ҷойи якум ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, ҷойи дуюм ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва ҷойи сеюм ба Литсейи алоқаи шаҳри Душанбе сазовор дониста шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






