Раиси Ассамблеяи миллии Покистон ба Душанбе омад
Душанбе, 26.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Субҳи имрӯз Сардор Аёз Содиқ -раиси Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ бо сафари расмии дурӯза ба Тоҷикистон омад. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Амиршо Миралиев-муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ истиқбол намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Парлумони кишвар иттилоъ доданд.
Раиси Парлумони Покистон дар ҷараёни сафари расмиаш ба Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба тамаддуни давлатдории тоҷикон дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе гулчанбар мегузорад. Интизор меравад, ки имрӯз Сардор Аёз Содиқ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, масоили марбут ба таҳкими равобити ҳасанаи Душанбе ва Исломободро дар бахшҳои мухталиф матраҳ намояд. Ҳамзамон раиси Парлумони Покистон бо ҳамтоёни тоҷики худ- Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллӣ ва Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору мулоқот намуда, ҷонибҳо роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Покистонро баррасӣ хоҳанд кард. Инчунин зимни сафари дурӯзаи расмии худ ба Тоҷикистон Сардор Аёз Содиқ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ мулоқот анҷом медиҳад.
Раиси Парлумони Покистон ҳамзамон дар ҷараёни сафари расмиаш ба Тоҷикистон аз «Кохи Наврӯз», воқеъ дар хиёбони Исмоли Сомонии Душанбе ва Неругоҳи барқи обӣ ва баҳри Норак боздид менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






