«Расми беҳтарини зиддисӯхторӣ»-озмун
Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор, ки бо айби хурдсолону мактаббачагон дар натиҷаи гӯгирдбозию оташбозии онҳо ба вуқӯъ меоянд, озмуни «Расми беҳтарини зиддисӯхторӣ» дар мавзӯи «Аз сӯхтор эҳтиёт бошед!» дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳисор бо ибтикори Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия гузаронида шуд.
Дар озмун хонандагони 36 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, ки дар ду даври аввали озмун ғолиб омада буданд, иштирок намуданд. Аз ҷониби иштирокчиёни озмун расмҳои ҷолибу макетҳои гуногун ба маърази ҳакамон ва тамошобинони сершумор пешкаш гардид. Дар баробари расмҳои кашида, инчунин хонандагон ба саволҳои ҳакамон вобаста ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва тартиби истифодаи воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ ҷавобҳои мукаммал дода, байни худ қувваозмоӣ намуданд.
Ҳайати ҳакамон ҷойи аввалро ба хонандаи синфи 8-уми мактаби №2 Бобоҷон Исмоилов, ҷойи дуюм ба хонандаи синфи 7-уми мактаби №9 Ширинмоҳи Зафар ва ҷойи сеюмро ба хонандаи синфи 11-уми мактаби №36 Садбарг Бобозода сазовор донистанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






