«Расми беҳтарини зиддисӯхторӣ»-озмун

Май 27, 2014 16:21

Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор, ки бо айби хурдсолону мактаббачагон дар натиҷаи гӯгирдбозию оташбозии онҳо ба вуқӯъ меоянд, озмуни «Расми беҳтарини зиддисӯхторӣ» дар мавзӯи «Аз сӯхтор эҳтиёт бошед!» дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳисор бо ибтикори Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия гузаронида шуд.
Дар озмун хонандагони 36 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, ки дар ду даври аввали озмун ғолиб омада буданд, иштирок намуданд. Аз ҷониби иштирокчиёни озмун расмҳои ҷолибу макетҳои гуногун ба маърази ҳакамон ва тамошобинони сершумор пешкаш гардид. Дар баробари расмҳои кашида, инчунин хонандагон ба саволҳои ҳакамон вобаста ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ  аз сӯхтор ва тартиби истифодаи воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонӣ ҷавобҳои мукаммал дода, байни худ қувваозмоӣ намуданд.
Ҳайати ҳакамон ҷойи аввалро ба хонандаи синфи 8-уми мактаби №2 Бобоҷон  Исмоилов, ҷойи дуюм ба хонандаи синфи 7-уми мактаби №9 Ширинмоҳи Зафар ва ҷойи сеюмро ба хонандаи синфи 11-уми мактаби №36 Садбарг Бобозода сазовор донистанд.
 

Май 27, 2014 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд