Роҳандозии коргоҳи коркарди пӯст ва пойафзол дар Хуҷанд

Май 5, 2014 09:34

 Хуҷанд, 5.05.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуахад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанд бунёди коргоҳи коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзоли ватанӣ ба роҳ монда мешавад. Мувофиқ ба маълумоти хадамоти матбуоти шаҳр раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарони коргоҳи коркарди пӯсти «Анбар» Равшан Усмонов ва «Тоҷик эко чарм» Комрони Сафар мулоқоти корӣ анҷом дод.
Як масъалаи зимни мулоқот баррасишуда ин ба кор даровардани иқтидорҳои нав буд.  Аз ҷумла, раиси шаҳр ба роҳбарияти ин ду коргоҳ  пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи  коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзолро ба роҳ монанд. Дар навбати худ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тамоми шароиту имкониятро барои онон фароҳам хоҳад овард.
Роҳбарони коргоҳҳои номбурда омодагии худро барои амалӣ гаштани ин нақша изҳор карда, илова намуданд, ки маҳсулоти онҳо бо таҷҳизоти муосири аврупоӣ коркарду истеҳсол шуда, ҷавобгӯи тамоми меъёрҳои маҳсулоти баландсифат хоҳад буд.
Дар баробари ин барои 100 нафар ҷойи корӣ ва маоши арзанда таъмин хоҳанд шуд.

Май 5, 2014 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик