Роҳандозии коргоҳи коркарди пӯст ва пойафзол дар Хуҷанд
Хуҷанд, 5.05.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуахад Шарифзода).-Дар шаҳри Хуҷанд бунёди коргоҳи коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзоли ватанӣ ба роҳ монда мешавад. Мувофиқ ба маълумоти хадамоти матбуоти шаҳр раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарони коргоҳи коркарди пӯсти «Анбар» Равшан Усмонов ва «Тоҷик эко чарм» Комрони Сафар мулоқоти корӣ анҷом дод.
Як масъалаи зимни мулоқот баррасишуда ин ба кор даровардани иқтидорҳои нав буд. Аз ҷумла, раиси шаҳр ба роҳбарияти ин ду коргоҳ пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Хуҷанд коргоҳи коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзолро ба роҳ монанд. Дар навбати худ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тамоми шароиту имкониятро барои онон фароҳам хоҳад овард.
Роҳбарони коргоҳҳои номбурда омодагии худро барои амалӣ гаштани ин нақша изҳор карда, илова намуданд, ки маҳсулоти онҳо бо таҷҳизоти муосири аврупоӣ коркарду истеҳсол шуда, ҷавобгӯи тамоми меъёрҳои маҳсулоти баландсифат хоҳад буд.
Дар баробари ин барои 100 нафар ҷойи корӣ ва маоши арзанда таъмин хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






