Роҳхат ба даври ниҳоии «Андалеб- 2014»
Кӯлоб, 19.05.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Бо мақсади дарёфти чеҳраҳо ва истеъдодҳои нав Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат озмуни «Андалеб-2014»-ро роҳандозӣ намудааст, ки ба он бештар ҳаваскорон ва ҳунармандони халқӣ ҷалб гардида, маҳорату истеъдоди хешро намоиш медиҳанд. Даврҳои аввали ин озмун дар минтақаи Кӯлоб дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷараён доранд ва намояндагони санъату фарҳанги ҳар як шаҳру ноҳия мекӯшанд беҳтар ҳунарнамоӣ намоянд.
Ҳунармандони шаҳру ноҳияи Кӯлоб низ ба ин озмун омодагии хуб дида, ҳар як шарти озмунро дар сатҳи баланд иҷро намуданд ва сазовори 119 хол гардиданд. Ба гуфти масъулони чорабинӣ ба даври ниҳоии он ду даста аз минтақаи Қурғонтеппа ва ду даста аз минтақаи Кӯлоб роҳхат мегиранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






