Роҳпаймоии ҷавонони Душанбе ҳангоми тулӯи офтоб
Душанбе, 22.05.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Фардо, 23 май дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Ин санаро ҷавонони Душанбе субҳи барвақт бо роҳпаймоӣ ва шиору овезаҳо дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт таҷлил менамоянд.
Аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки соати 5:00 -и 23 май аз чор ноҳияи пойтахт 250 нафарӣ ҷавонони гуногункасб бо шиору овезаҳо ҷониби Маҷмааи меъмории ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон раҳсипор гардида, дар назди муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон -шоҳ Исмоили Сомонӣ сарҷамъ меоянд. Ҷавонон бо тулӯи офтоб таҳти навои оркестрҳои нафасӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро суруда, сипас зери суруди “Эй ҷавонӣ, шод бошӣ” кабӯтару пуфакҳоро ҳамчун рамзи сулҳу дӯстӣ ва ҳамраъйию якдилии ҷавонон ба ҳаво сар медиҳанд. Ҳамоиши ҷавонони Душанбе дар майдони “Дӯстӣ” бо гирифтани акси хотиравии дастаҷамъона хотима меёбад.
Бояд тазаккур дод, ки шумораи умумии иштирокчиёни ин чорабинӣ 2014 нафарро ташкил медиҳад, ки он рамзи сол ва таҷлили 90-солагии Душанбест. Ҷараёни роҳпаймоии ҷавонони пойтахт тавассути таблоҳои электронии назди муҷассама мустақиман намоиш дода мешавад.
Инчунин 23 май аз соати 17:30 то 19:30 дар боғҳои фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо», майдони «800-солагии Маскав», «Боғи устод Рӯдакӣ» ва «Кӯли ҷавонон» барномаҳои фарҳангӣ ва намоиши бозиҳои шавқовари варзишӣ ташкил шуда, аз соати 19:30 то 21:30 дар шаршараи Боғи “Наврӯзгоҳи пойтахт” барномаи сатҳи баланди фарҳангии тантанавӣ ва рамзӣ марбут ба 90-солагии Душанбе бо иштироки овозхонҳои ҷавони эстрадаи тоҷик баргузор мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






