Роҳпаймоии ҷавонони Душанбе ҳангоми тулӯи офтоб

Май 22, 2014 16:07

 Душанбе, 22.05.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).-Фардо, 23 май дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Ин санаро ҷавонони Душанбе субҳи барвақт бо роҳпаймоӣ ва шиору овезаҳо дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт таҷлил менамоянд.
     Аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки соати 5:00 -и 23 май аз чор ноҳияи пойтахт 250 нафарӣ ҷавонони гуногункасб бо шиору овезаҳо ҷониби Маҷмааи меъмории ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон раҳсипор гардида, дар назди  муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон -шоҳ Исмоили Сомонӣ сарҷамъ меоянд. Ҷавонон бо тулӯи офтоб таҳти навои оркестрҳои нафасӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро суруда, сипас зери суруди “Эй ҷавонӣ, шод бошӣ” кабӯтару пуфакҳоро ҳамчун рамзи сулҳу дӯстӣ ва ҳамраъйию якдилии ҷавонон ба ҳаво сар медиҳанд. Ҳамоиши ҷавонони Душанбе дар майдони “Дӯстӣ” бо гирифтани акси хотиравии дастаҷамъона хотима меёбад.
Бояд тазаккур дод, ки шумораи умумии иштирокчиёни ин чорабинӣ 2014 нафарро ташкил медиҳад, ки он рамзи сол ва таҷлили 90-солагии Душанбест. Ҷараёни роҳпаймоии ҷавонони пойтахт  тавассути таблоҳои электронии назди муҷассама мустақиман намоиш дода мешавад. 
   Инчунин 23 май аз соати 17:30 то 19:30 дар боғҳои фарҳангию фароғатии «Дӯстии халқҳо», майдони «800-солагии Маскав», «Боғи устод Рӯдакӣ» ва «Кӯли ҷавонон» барномаҳои фарҳангӣ ва намоиши бозиҳои шавқовари варзишӣ ташкил шуда, аз соати 19:30 то 21:30 дар шаршараи Боғи “Наврӯзгоҳи пойтахт” барномаи сатҳи баланди фарҳангии тантанавӣ ва рамзӣ марбут ба 90-солагии Душанбе бо иштироки овозхонҳои ҷавони эстрадаи тоҷик баргузор мегардад. 

Май 22, 2014 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад