Саҳми ҳавонавардон дар таъмини ғалабаи таърихӣ назаррас аст
Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 69 -умин солгарди пирӯзӣ бар фашизми гитлерии Олмонро кормандони «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд.
Ҷамъомади тантанавӣ дар пояи «Муҷассамаи ёдгории ҳавонавардони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокшуда» баргузор гардид. Роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳи Душанбе собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро табрик гуфта, зикр намуданд, ки ҳавонавардон дар таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари дигар афсарони қаторӣ саҳми муносиб гузоштанд.
Иштирокчиёни ҶБВ, ҷанги Афғистон ва фалокати Чернобил аз ҷониби роҳбарият ва кумитаҳои иттифоқҳои касабаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» қадршиносӣ шуданд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Маҳмадюсуф Шодиев хабар дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






