Сарқонун -шиносномаи миллӣ

Май 15, 2014 16:33

Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки дар он Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи матни Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ ва ҳайати устодону курсантони академия иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ сардори академияи Ҷӯрахон Зоиров  оид ба моҳият ва аҳамияти тақдирсози ин санади муҳим — Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза кард.
Ӯ зикр кард, ки: «Сарқонун — шиносномаи миллат буда, дар он инсон арзиши олӣ маҳсуб меёбад. Маҳз бо шарофати Сарқонун ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ шинохт ва дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд мустаҳкам  шудаанд».
Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ аз таърихи қабули Сарқонун ва матни Суруди миллӣ ёдовар шуд.
Дар чорабинии фарҳангӣ ҳунарманди шинохтаи ҷумҳурӣ Қобилҷон Зарипов аз ашъори Гулназар Келдӣ сурудҳо сароида, курсантони академия бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан ва зебоиҳои диёр хотири ҳозиринро шод гардониданд.
 
 
 

Май 15, 2014 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад