Сарқонун -шиносномаи миллӣ
Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба «20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки дар он Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи матни Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ ва ҳайати устодону курсантони академия иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ сардори академияи Ҷӯрахон Зоиров оид ба моҳият ва аҳамияти тақдирсози ин санади муҳим — Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза кард.
Ӯ зикр кард, ки: «Сарқонун — шиносномаи миллат буда, дар он инсон арзиши олӣ маҳсуб меёбад. Маҳз бо шарофати Сарқонун ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ шинохт ва дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд мустаҳкам шудаанд».
Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ аз таърихи қабули Сарқонун ва матни Суруди миллӣ ёдовар шуд.
Дар чорабинии фарҳангӣ ҳунарманди шинохтаи ҷумҳурӣ Қобилҷон Зарипов аз ашъори Гулназар Келдӣ сурудҳо сароида, курсантони академия бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан ва зебоиҳои диёр хотири ҳозиринро шод гардониданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






