Сармоягузории давлатӣ, андозбандӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодиёт
Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Тайи ду рӯз аст, ки дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Сармоягузории давлатӣ, андозбандӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодиёт» конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ ҷараён дорад.
Конфронси мазкур доираи васеи мавзӯъҳои вобаста ба идораи молияи давлатӣ, сиёсати андоз ва сармоягузории давлатӣ ва рушди иқтисодиро дар бар гирифт.
Дар кори конфронс беш аз 80 нафар олимону иқтисоддонон ва коршиносони дохиливу хориҷӣ фаъолона ширкат доранд. Аз ҷумла, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор аз Фаронса П.Кабанелс дар мавзӯи «Сиёсати мамолики Иттиҳоди Аврупо оид ба коркарди тамоюлҳои андоз барои соҳибкории инноватсионӣ» ва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, декани факултаи молия ва иқтисоди Донишгоҳи давлатии Псков М.Николаев дар мавзӯи «Ташкили самараноки инвеститсияҳои давлатӣ чун омили рушди устувор ва инклюзивии иқтисодӣ», номзади илмҳои иқтисод, дотсент А.Солиев дар мавзӯи «Нақши сармоягузориҳои давлатӣ дар такмили иқтисодиёти Тоҷикистон»маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Дар баробари ин олимону мутахассисони дохилӣ аз Вазорати молияи ҶТ, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, муассисаҳои олии таълимии кишвар, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва коршиносони дигар фарогири масоили «Сармоягузории давлатӣ, андозбандӣ ва таъсири онҳо ба рушди иқтисодиёт» маърӯзаҳои ҷолибу назаррас карданд.
Конфронси мазкур паҳлӯҳои мухталифи сармояи давлатӣ ва сиёсати молиявӣ, таъсири буҳронҳои молиявӣ, масъалаҳои қарзи давлатӣ, муаммоҳои андозбандӣ, соҳибкории истеҳсолию инноватсионӣ ва инчунин таҳлил ва баҳодиҳии омилҳои беруна ба рушди иқтисоди мамлакатро фаро мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо баргузории ин конфронс тасмим гирифтааст, ки дар ҷалби сармоягузории давлатӣ, мукаммал гардонидани низоми андозбандӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва пешгирии омилҳои беруние, ки таъсири манфӣ доранд, ба иқтисодиёти кишвар бо пешниҳоду дархостҳои худ дар рушди иқтисоди миллӣ боз як қадами устувор гузорад.
Имрӯз конфронс кори худро ҷамъбаст мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






