Сармоягузории давлатӣ, андозбандӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодиёт

Май 7, 2014 10:05

Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Тайи ду рӯз аст, ки дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Сармоягузории давлатӣ, андозбандӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодиёт» конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ ҷараён дорад.
Конфронси мазкур доираи васеи мавзӯъҳои вобаста ба идораи молияи давлатӣ, сиёсати андоз ва сармоягузории давлатӣ ва рушди иқтисодиро дар бар гирифт.
Дар кори конфронс беш аз 80 нафар олимону иқтисоддонон ва коршиносони дохиливу хориҷӣ фаъолона ширкат доранд. Аз ҷумла, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор аз Фаронса П.Кабанелс дар мавзӯи «Сиёсати мамолики Иттиҳоди Аврупо оид ба коркарди тамоюлҳои андоз барои соҳибкории инноватсионӣ» ва доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, декани факултаи молия ва иқтисоди Донишгоҳи давлатии Псков М.Николаев дар мавзӯи «Ташкили самараноки инвеститсияҳои давлатӣ чун омили рушди устувор ва инклюзивии иқтисодӣ», номзади илмҳои иқтисод, дотсент А.Солиев дар мавзӯи «Нақши сармоягузориҳои давлатӣ дар такмили иқтисодиёти Тоҷикистон»маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Дар баробари ин олимону мутахассисони дохилӣ аз Вазорати молияи ҶТ, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, муассисаҳои олии таълимии кишвар, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва коршиносони дигар фарогири масоили «Сармоягузории давлатӣ, андозбандӣ ва таъсири онҳо ба рушди иқтисодиёт»  маърӯзаҳои ҷолибу назаррас карданд.
Конфронси мазкур паҳлӯҳои мухталифи сармояи давлатӣ ва сиёсати молиявӣ, таъсири буҳронҳои молиявӣ, масъалаҳои қарзи давлатӣ, муаммоҳои андозбандӣ, соҳибкории истеҳсолию инноватсионӣ ва инчунин таҳлил ва баҳодиҳии омилҳои беруна ба рушди иқтисоди мамлакатро фаро мегирад. 
Бояд тазаккур дод, ки Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо баргузории ин конфронс тасмим гирифтааст, ки дар ҷалби сармоягузории давлатӣ, мукаммал гардонидани низоми андозбандӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва пешгирии омилҳои беруние, ки таъсири манфӣ доранд, ба иқтисодиёти кишвар бо пешниҳоду дархостҳои худ дар рушди иқтисоди миллӣ боз як қадами устувор гузорад. 
 
Имрӯз конфронс кори худро ҷамъбаст мекунад.
 

Май 7, 2014 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад