Се тифл ба Тоҷикистон баргардонида шуд

Май 16, 2014 16:05

 
           Душанбе, 16.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия 14 майи соли равон тавассути хатсайри Маскав-Душанбе се шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон-  Оксана Давлатшоева, таваллудаш  23 октябри соли 2013, Умар Исматуллоев, мутаваллид ба 22 марти соли 2013 ва Маҳина  Мирзоёроваро, ки се сол дошта,  15 августи соли 2011 таваллуд шудааст, ба Тоҷикистон фиристод.
      Назар ба иттилои Ҳабибулло Каримов- корманди Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Русия ин тифлон аз зумраи кӯдакони бепарасторе мебошанд, ки волидайнашон аз онҳо даст кашидаанд. Ин кӯдаконро  Хадамоти консулгарии Сафорати Тоҷикистон дар Русия  дар доираи гуфтушунид ва ҳуҷҷатгузории бардавом аз мақомоти марбутаи Русия қабул намуда, ба намояндаи масъули Вазорати корҳои дохилии Точикистон Л. Зокиров супорида,  мавсуф онҳоро ба Тоҷикистон овардааст. Ин тифлон то замони ба Тоҷикистон фиристодан дар  мақомоти парастории ноҳияи Люблино, Хона — кӯдакистони махсуси №6 и шаҳри Маскав ва Хона-кӯдакистони ноҳияи Люберетскии вилояти Маскав нигаҳдорӣ мешуданд.

Май 16, 2014 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст