Се тифл ба Тоҷикистон баргардонида шуд
Душанбе, 16.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия 14 майи соли равон тавассути хатсайри Маскав-Душанбе се шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон- Оксана Давлатшоева, таваллудаш 23 октябри соли 2013, Умар Исматуллоев, мутаваллид ба 22 марти соли 2013 ва Маҳина Мирзоёроваро, ки се сол дошта, 15 августи соли 2011 таваллуд шудааст, ба Тоҷикистон фиристод.
Назар ба иттилои Ҳабибулло Каримов- корманди Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Русия ин тифлон аз зумраи кӯдакони бепарасторе мебошанд, ки волидайнашон аз онҳо даст кашидаанд. Ин кӯдаконро Хадамоти консулгарии Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар доираи гуфтушунид ва ҳуҷҷатгузории бардавом аз мақомоти марбутаи Русия қабул намуда, ба намояндаи масъули Вазорати корҳои дохилии Точикистон Л. Зокиров супорида, мавсуф онҳоро ба Тоҷикистон овардааст. Ин тифлон то замони ба Тоҷикистон фиристодан дар мақомоти парастории ноҳияи Люблино, Хона — кӯдакистони махсуси №6 и шаҳри Маскав ва Хона-кӯдакистони ноҳияи Люберетскии вилояти Маскав нигаҳдорӣ мешуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






