Шикорчии моҳӣ дастгир гардид
Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Олами набототу ҳайвонот як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа буда, муносибати эҳтиёткорона бо он вазифаи ҳар як инсон аст.
29 апрели соли равон дар ноҳияи Б. Ғафуров Каримов Акмал Ҳодибоевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи мазкур дар ҳудуди минтақаи назди пойгоҳи обкашии «Хоҷабоқирғон»-и ҳамин ноҳия бо ноқилҳо ва шастҳои худсози барқӣ ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул шудааст.
Каримов Акмал Ҳодибоевич аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар сайди ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ дастгир шуда, нисбат ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






