Шиносоии Сарвари давлат бо фаъолияти Шифохонаи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ
Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар»).Имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таъмири пурра мавриди истифода қарор дода шуд.Шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарбозон ва афсарону аҳли оилаи онҳо хизмат мерасонад.Ҳангоми боздидиСарвари давлат аз ҳуҷраҳои беморхонаи ҳарбӣ таъкид гардид, ки сол ба сол хизматрасонии тиббӣ ба сарбозону афсарон беҳтар мегардад. Ин муассисаи тиббӣ, ки аз 4 бинои сеошёна иборат аст, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмири пурра бароварда шуда, дар он шароити зарурии ташхису табобат фароҳам оварда шудааст.Шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 шуъба иборат буда, дорои 160 кати хоб мебошад. Дар дармонгоҳи шифохона дар як баст то ба 150 нафар хизмати тиббӣ расонда мешавад.Дар ҳамаи шуъбаҳо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ насб гардидааст. Аснои шиносоӣ бо шароити шифохона Сарвари давлат ба масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дод, ки барои табобати пурраи афсарону сарбозон ҳамкориро бо ин муассисаи табобатӣ ба роҳ монанд. Президенти мамлакат бо сарбозон дар ин шифохона суҳбат карда, онҳоро ба хизмати садоқатмандона ҳидоят намуд.Дар Шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 147 табибу дигар кормандон фаъолият карда, барои ташхису табобати беморон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд. Кормандони Шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвари давлат барои таваҷҷуҳи пайваста ва ғамхорӣ минатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки барои беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ тамоми нерӯи худро равона менамоянд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






