Ширкати Mehriz Tejarat Cement – и Эрон ба бозори Тоҷикистон роҳ пайдо кард

Май 2, 2014 12:00

Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина  Эрлих). –  1  май  муовини  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ  Асаналӣ  Карамалиев бо  раиси  ширкати Mehriz Tejarat Cement –и музофоти Язди Эрон  Алӣ Асғари  Аҳмадӣ, ки ба манзури  пайдо  намудани  мушорикон барои  фурӯши  семент ва таҳқиқи вазъи  бозори  кишвар  ба  Тоҷикистон омадааст,  сӯҳбат  намуд. 
Тавре  ки  аз  ПСС ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  А.Карамалиев   зимни  сӯҳбат  зикр  намуд, ки  вақтҳои  охир  равобити байни  аҳли  тиҷорати  ҳар  ду  кишвар  хусусан  тавассути  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  рушду  густариш  ёфта,  намояндагони палатаҳои  ҳар  ду  мамлакат  ба  кишварҳои  якдигар  сафар  мекунанд,  мулоқоту  гуфтушунидҳо бо  иштироки ҳайатҳои  Эрон  баргузор  мешаванд. 
«Эрон ҷонибдори  ҳамкорӣ бо  Тоҷикистон  мебошад, ки  ин имконияти  нодире барои  ҷалби  сармояю  технологияҳои  Эрон ва  таҳкими   равобити  тиҷоратию  иқтисодӣ  маҳсуб  меёбад»,  — гуфт  А.Карамалиев. 
Ҳамчунин  ба  Алӣ  Асғар  Аҳмадӣ   дар  бораи  корхонаҳои  сементи Тоҷикистон,  харидорони  семент ва ширкатҳои нақлиётие, ки ба интиқоли  семент  машғуланд муфассал  маълумот  дода шуд.  
 

Май 2, 2014 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад