Ширкати Mehriz Tejarat Cement – и Эрон ба бозори Тоҷикистон роҳ пайдо кард
Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина Эрлих). – 1 май муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Асаналӣ Карамалиев бо раиси ширкати Mehriz Tejarat Cement –и музофоти Язди Эрон Алӣ Асғари Аҳмадӣ, ки ба манзури пайдо намудани мушорикон барои фурӯши семент ва таҳқиқи вазъи бозори кишвар ба Тоҷикистон омадааст, сӯҳбат намуд.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, А.Карамалиев зимни сӯҳбат зикр намуд, ки вақтҳои охир равобити байни аҳли тиҷорати ҳар ду кишвар хусусан тавассути Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон рушду густариш ёфта, намояндагони палатаҳои ҳар ду мамлакат ба кишварҳои якдигар сафар мекунанд, мулоқоту гуфтушунидҳо бо иштироки ҳайатҳои Эрон баргузор мешаванд.
«Эрон ҷонибдори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мебошад, ки ин имконияти нодире барои ҷалби сармояю технологияҳои Эрон ва таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодӣ маҳсуб меёбад», — гуфт А.Карамалиев.
Ҳамчунин ба Алӣ Асғар Аҳмадӣ дар бораи корхонаҳои сементи Тоҷикистон, харидорони семент ва ширкатҳои нақлиётие, ки ба интиқоли семент машғуланд муфассал маълумот дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






