«Соли 2014 — соли роҳҳои обод»
Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Дирӯз мумфаршкунии роҳи кӯчаи ба номи Мастура Авезоваи деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид, ки дар он раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок кард. Дарозии умумии роҳи ин кӯча 8,7 — километрро ташкил дода, аз он 2,2 километраш мавриди таҷдид қарор мегирад. Он аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомоти маҳаллӣ, ҳамчунин қисман саҳмгузории соҳибкорони ҳамин ҷамоат қирпӯш мешавад. Ҳамаи ин тадбир дар доираи эълон гаштани «Соли 2014 — соли роҳҳои обод» роҳандозӣ гардида, дар асоси дастуру супориши Президенти мамлакат рӯи кор омадааст.
Дар давоми соли равон дар қаламрави вилоят 2350 км роҳ аз таъмир бароварда хоҳад шуд, ки аз ин 238 километраш пурра мумфарш мегардад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






