Суғд 30 ҳазору 750 нафар хатмкунанда дорад

Май 23, 2014 11:00

Душанбе, 23.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). -Имсол макотиби миёнаи вилояти Суғдро 30 ҳазору  750 нафар хонанда хатм мекунад. Тавре ки маълум аст бо дастгирии Президенти мамлакат соли равон тарзи нави қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат аз тариқи Маркази миллии тестӣ сурат мегирад.
Ба марказҳои имтиҳонӣ беш аз 13 ҳазору 100 нафар хатмкунанда ҳуҷҷат супоридааст, ки 43 фоизаш хатмкунандагони имсола мебошанд.
Ба иттилои масъулин имсол имтиҳоноти қабул аз 1 июл оғоз гардида, то 12 июл давом меёбанд.
 
 
 
 
 

Май 23, 2014 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш