Суғд: Хонандагон дар олимпиадаи Франкфурт иштирок мекунанд

Май 23, 2014 10:59

Душанбе, 23.05.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Аз 16 то 17 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе олимпиадаи  ҷумҳуриявӣ  аз фанни забони олмонӣ  гузаронида шуд. Дар он 16 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии  ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Тавре ки аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар олимпиада вилояти Суғдро 8  нафар хонанда  аз мактабҳои хусусии ба номи В. Гётеи шаҳри Хуҷанд, «Сафина»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва мактаби миёнаи № 10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намояндагӣ  намуданд.  Дар ҷамъбасти олимпиада  2 нафар — хонандаи  синфи 10-и гимназияи «Сафина» — Муъминҷон Урунов ва  хонандаи синфи 8-и гимназияи  ба номи В.Гёте — Хуршед Набиев сазовори ҷойи аввал  дониста шуданд.
Онҳо  барои иштирок  дар олимпиадаи байналхалқӣ дар шаҳри Франкфурти  давлати Олмон, ки  моҳи августи соли ҷорӣ  баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Бояд гуфт, ки ҳамчун туҳфа ба онҳо чиптаи ҳавопаймо ва роҳхат барои истироҳат дар  давлати Олмон аз тарафи ташкилкунандагони олимпиада  ройгон дода шуд.
 
 
 
 

Май 23, 2014 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст