Суғд: мулоқот бо довталабон

Май 12, 2014 11:29

Душанбе, 12.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Ҳайати кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади корҳои фаҳмондадиҳӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ, волидайни онҳо ва фаҳмондани мақсад, моҳияти фаъолияти маркази миллии тести, тарғиботи супоридани интиҳонҳои давлатӣ ба таври тестӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Чкалов, Қайроққум, Истиқлол ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд мулоқот намуданд.
Тавре ки дар ин бора аз кумитаи мазкур хабар доданд, дар ин дидору мулоқотҳои судманд бо ҷавонони синфҳои болоӣ, падару модарони онҳо, омўзгорон, имомхатибон ва намояндагони занону собиқадорони меҳнат иштирок дошта, ҷавонон ва хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро дар мавриди  супоридани ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва имтиҳонҳои давлатӣ аз тариқи тестӣ огоҳ намуд.
Ҳамзамон дар мулоқотҳо дар бораи тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, дастовардҳои онҳо дар тӯли 21-соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҷалби духтарон ба донишгоҳу донишкадаҳо маълумотҳои мушаххас дода, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки аз фурсати муносиб истифода бурда, бештар аз қайд гузаранд ва бо хоҳиши худ касби дӯстдоштаашонро интихоб намоянд.
 
 

Май 12, 2014 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад