Суҳбати Шариф Саид бо муовини раиси ПСС Дубай
Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар, Марҳабои Азамат). – 6 май раиси ПСС Тоҷикистон Шариф Саид дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бо муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Дубай ҷаноби Ҳасан ал – Ҳошимӣ суҳбат намуд.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсади асосии мулоқот иборат аз роҳандозӣ ва рушди ҳамкории байни палатаҳои савдо ва саноат ва сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистону Дубай буд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни суҳбати судманд аз рӯи масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ табодули афкор намуда, самтҳои фаъолияти палатаҳои савдо ва саноат ва вусъат бахшидани ҳамкории мутақобилан муфиди намояндагони сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистону Дубайро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамчунин масоили ҷалби сармояҳо ба бахшҳои энергетика ва саноати Тоҷикистон, аз ҷумла, дар амри бунёди корхонаҳои муштараки коркарди меваю сабзавот, нахи пахта ва пашму чарм баррасӣ шуданд.
Ҳасан ал – Ҳошимӣ дар навбати худ иброз дошт, ки сафари раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба Дубай аз он шаҳодат медиҳад, ки муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду палата вақтҳои наздиктарин ба сатҳи сифатан нав бардошта мешаванд. Вазифаи асосии мо иборат аз расонидани кӯмак ва дастгирии аҳли тиҷорати Тоҷикистону Дубай ба манзури пайдо намудани бозорҳои нав ва рушди ҳамкории мутақобилан муфид аст.
Шариф Саид дар анҷоми суҳбат барои пазироии самимона изҳори сипос карда. Зикр намуд, ки Палатаи савдо ва саноати ҶТ нияти дар шаҳри Душанбе доир намудани намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти Дубайро дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






