Суҳбати Шариф Саид бо муовини раиси ПСС Дубай

Май 7, 2014 11:14

Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар, Марҳабои  Азамат). – 6  май  раиси  ПСС Тоҷикистон  Шариф  Саид  дар  шаҳри  Дубайи  Аморати  Муттаҳидаи  Араб  бо  муовини раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Дубай  ҷаноби  Ҳасан ал – Ҳошимӣ  суҳбат  намуд.
Тавре  ки  аз  ПСС  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  мақсади  асосии мулоқот  иборат  аз  роҳандозӣ  ва   рушди  ҳамкории байни палатаҳои  савдо  ва  саноат ва  сохторҳои тиҷоратии  Тоҷикистону Дубай  буд. 
Ҷонибҳо  дар  ҷараёни  суҳбати  судманд  аз  рӯи  масоили  муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию  иқтисодӣ  табодули  афкор  намуда,  самтҳои  фаъолияти  палатаҳои  савдо  ва  саноат  ва вусъат  бахшидани ҳамкории  мутақобилан  муфиди   намояндагони сохторҳои  тиҷоратии Тоҷикистону  Дубайро  мавриди  муҳокима  қарор  доданд.
Ҳамчунин  масоили  ҷалби  сармояҳо ба бахшҳои  энергетика  ва  саноати  Тоҷикистон,  аз ҷумла,  дар  амри  бунёди  корхонаҳои  муштараки  коркарди  меваю сабзавот,  нахи  пахта ва  пашму  чарм  баррасӣ  шуданд.
Ҳасан  ал – Ҳошимӣ  дар  навбати  худ иброз  дошт,  ки  сафари  раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  ба  Дубай  аз он шаҳодат  медиҳад, ки  муносибатҳои  дуҷонибаи ҳар  ду  палата   вақтҳои  наздиктарин  ба сатҳи  сифатан  нав  бардошта  мешаванд.  Вазифаи  асосии  мо  иборат  аз  расонидани  кӯмак  ва  дастгирии аҳли  тиҷорати Тоҷикистону  Дубай  ба  манзури  пайдо намудани    бозорҳои нав  ва рушди  ҳамкории  мутақобилан  муфид  аст.
Шариф  Саид  дар  анҷоми  суҳбат  барои  пазироии  самимона  изҳори  сипос  карда.  Зикр  намуд, ки  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ нияти дар шаҳри Душанбе  доир намудани намоишгоҳи байналмилалии  маҳсулоти  Дубайро  дорад.

Май 7, 2014 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад