Суҳбати телефонии Президент бо Раиси ВМКБ
Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшедов телефонӣ суҳбат намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ахбори Раиси вилоятро доир ба ҳодисаи дирӯза дар шаҳри Хоруғ шунида, дастур дод, ки барои муътадил намудани вазъи бамиёномада чораҳои муассир андешида шавад.
Таъкид гардид, ки вазъият дар шаҳр бояд таҳти назорати мақомоти ҳокимияти давлатӣ қарор дошта бошад ва волоияти қонун бечуну чаро таъмин гардад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






