Таҷдиди роҳ аз Душанбе то сарҳади Ӯзбекистон анҷом меёбад

Май 27, 2014 11:02

Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар»). – Таҷдиди роҳ аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то сарҳади Ӯзбекистон, ки робитаи Тоҷикистонро бо ҳамсояҳо таъмин намуда ва қитъаи асосии Роҳрави 3 дар ҳошияи Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, вақтҳои наздик анҷом меёбад. Роҳрави 3 дар масофаи қариб 7 ҳазор километр аз Федератсияи Русия дар Шимол то Халиҷи Форс дар Ҷануб доман паҳн кардааст.Тавре ки аз Намояндагии доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи таҷдиди ин роҳи масофааш 57 километр васеъ ва ҳамвор намудани роҳ, беҳсозии заҳбуру пулҳо ва бехатарии ҳаракатро дар назар дорад. Дар ҳошияи лоиҳа ҳамчунин навсозии инфрасохтор ва беҳдошти шароити бунгоҳи назоратии «Дӯстӣ» барои осон намудани ҳаракати мардум ва интиқоли амвол пешбинӣ шудааст.Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2011 оғоз ёфта, анҷоми он дар соли 2015 пешбинӣ шудааст. Бонки осиёии рушд барои иҷрои ин лоиҳа дар ҳаҷми 120 миллион доллари ИМА кӯмаки молиявии ройгон тахсис дода, ҳиссаи Ҳукумати Тоҷикистон 34 миллиону 300 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.

Май 27, 2014 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд