Таҷлили Рӯзи оила дар ноҳияи Рашт

Май 16, 2014 15:21

Рашт,16.05.2014. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатзода).-Ба иттилои  муовини раиси ноҳияи Рашт Зумрад Лоиқова дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки раиси ноҳия Саидимрон Абдураҳмонзода ва сокинони шаҳраки Ғарм Рӯзи оила баргузор гардид. Зумрад Лоиқова афзуд, ки бахшида ба ин рӯз дар толори Қасри фарҳанг озмуни оилаҳои беҳтарин ва викторина оид ба фарҳанги оиладорӣ, намоиши дастии занҳои ҳунарманд, инчунин озмуни расми беҳтарин гузаронида шуд. 
Дар ҷамъомад ба 10 нафар навхонадор ва чор нафар кӯдаки навзод аз оилаҳои ниёзманд шаҳодатнома супорида шуд. Инчунин дар ин рӯз ба оилаҳои беҳтарин туҳфаҳо супорида шуданд. 
Чунин ҷамъомадҳо дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Тоҷикобод, Нуробод ва Файзободи шаҳри Роғуну Ваҳдат гузаронида шуданд.  
 
 

Май 16, 2014 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид