Таҷлили Рўзи байналхалқии гуногунии биологӣ дар Душанбе
Душанбе, 21.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Ҳамасола дар ҷаҳон рўзи 22 май ҳамчун рўзи байналхалқии гуногунии биологӣ ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рўз дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва замин» озмуни эҷодӣ байни донишҷўдухтарони кишвар таҳти унвони «Гуногунии биологию фарҳангии маҳали худро нигоҳ медорем!» ҷамъбаст гардид.
Дар ҷамъомади мазкур Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаббат Маҳмадалиева, роҳбари Ташкилоти Ҷамъиятии «Зан ва замин», Алибек Отамбеков, намояндаи Фонди «Кристсен» дар Тоҷикистон ва дигар масъулин иштирок ва суханрони намуданд.
Дар озмуни мазкур донишҷўдухтарони Муассисаи Маркази таълимии «Чароғи Ҳидоят», аъзои Шўрои донишҷўдухтарони макотиби олии ҷумҳурӣ ва ҷавондухтарони фаъол аз деҳоти дурдасти кишвар иштирок карда, ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур ҷалби ҳарчи бештари ҷавондухтарон ба нигоҳдории гуногунии биологӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






