Тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои оҳан

Май 23, 2014 14:37

 Душанбе, 23.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — «Бехатарии ҳаракат дар роҳҳои оҳан»-таҳти чунин унвон дар раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт машварат доир гардид. 
Муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт Саидҷафар Холиқов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба баррасии рӯзномаи машварат ҷалб намуда, зикр кард, ки мавриди муҳокима қарор додани мавзӯи мазкур иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ аст.
Нозири калони раёсат  Ш. Бозоров оид ба вазъи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои оҳани ҷумҳурӣ дар давраи соли 2013 ва 4 моҳи соли равон гуфт: «Ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиёти роҳи оҳан, бояд дар ҳамбастагӣ бо кормандони КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон, муассисаҳои таълимӣ, аҳли ҷамоат, воситаи ахбори умум фаъолият бурда, барои вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳию пешгирикунанда кӯшиш ба харҷ дода шавад». 
Сардори шуъбаи назорати умумии Прокуратураи нақлиётии Тоҷикистон  С. А. Қаюмзода ибрози назар намуда, ҷиҳати гузоштани дидбонгоҳҳои иловагӣ дар минтақаҳои серодам ва ба роҳ мондани наворҳои телевизионӣ нисбат ба садамаҳо ва ҳодисаҳои нохуш дар роҳи оҳан якчанд таклиф пешниҳод намуд.
Дар идомаи машварат муовини сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт Саидҷафар Холиқов вобаста ба бехатарии ҳаракати қатораҳо ва таъмини амнияти шаҳрвандон дар роҳҳои оҳан ибрози андеша намуд.
 

Май 23, 2014 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст