Талаботи тамғагузории маҳсулот кадом аст?

Май 8, 2014 16:30

Душанбе, 8.05.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии «Тоҷикстандарт» ҷиҳати фаҳмонидани муҳтаво ва талаботи Регламенти техникии «Тамғагузории маҳсулоти хўрокворӣ» бо иштироки васеи истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони маҳсулоти хўрокворӣ машварат доир гардид. 
Мавриди зикр аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду санади меъёрӣ-техникӣ, яъне Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Тамғагузории маҳсулоти хўрокворӣ» ва «Бехатарии бензин, сўзишвории дизелӣ ва мазут» тасдиқ шудаанд, ки тибқи муқаррарот мавриди амал қарор дода мешаванд.
Тавре ки аз маркази матбуоти «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин машварат зикр шуд, ки Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №42-ф аз 02 майи соли 2013 «Дар бораи Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2013-2014» таҳия  шудааст.
Дар таҳияи Регламенти мазкур таҷрибаи давлатҳои иттиҳоди гумрукӣ ва талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо барои бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо ба инобат гирифта шудаанд. Ҳуҷҷати мазкур барои воридкунандагону содироткунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хўрокворӣ дар қисми тамғагузорӣ талаботи ҳатмиро муқаррар менамояд ва ба тамғагузории маҳсулоте, ки дар қаламрави ҶТ дар муомилот мебошанд, татбиқ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки ин Регламенти техникӣ талаботро ба тамғагузории маҳсулоти хўрокворӣ, бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳое, ки истеъмолкунандаро барои гирифтани иттилоти дақиқ дар бораи маҳсулоти хўрокворӣ, ба иштибоҳ мебарад, муқаррар менамояд.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи «Барномаи таҳияи регламентҳои техникӣ барои солҳои 2013-2014» дар соли 2013 ғайр аз ин Регламент боз регламенти техники «Бехатарии масолеҳи сохтмонӣ» таҳия гардида, барои мувофиқагардонӣ ва тасдиқ ба  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Дар айни замон лоиҳаи регламентҳои техникии «Бехатарии маҳсулоти шарбатӣ аз мева ва сабзавот» ва «Бехатарии хўроки чорво ва иловагиҳои он» омода шуда, барои баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод шудаанд.
 
 

Май 8, 2014 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад