Талошҳои Ҳукумат ҷиҳати беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва пешбурди соҳибкорӣ
Душанбе, 6.05.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ» тасдиқ гардиданд.
Лозим ба ёдоварист, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз ҷониби котиботи Шӯрои машваратӣ якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва бо ҷалби шарикони рушд таҳия шудаанд.
Тибқи пешгӯии коршиносон, интизор меравад, ки татбиқи пурраи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи бахши туризм саҳми мустақими ин бахшро дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 то ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими онро барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз расонад.
Бояд зикр намуд, ки баланд бардоштани нишондиҳандаҳои кишвар дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ барои вусъат пайдо кардани ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ мусоидат менамояд, зеро сармоягузорони хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба кишварҳои беҳтарини ислоҳотгар таваҷҷуҳи хосса доранд. Мақсади асосии татбиқи нақшаи чорабиниҳои мазкур беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт тавассути содда гардонидани оғози фаъолияти соҳибкорӣ, дастрас намудани иҷозатҳо, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ, ҳимояи сармоягузорон, маъмурикунонии андоз, аз байн бурдани баъзе монеаҳои сунъӣ ва ғайра ба шумор меравад, ки сари вақт амалӣ намудани онҳо, дар навбати худ нишондиҳандаҳои байналмилалии мамлакатро ба таври назаррас беҳтар менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






