Таркиш дар бозори Урумчӣ

Май 22, 2014 16:59

Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба гузоришҳои расида аз Чин, ҳамлакунандагон ду мошинро дар бозор ба сӯи одамон ронда, ҳамзамон дар ҳоли ҳаракат маводи тарканда партофтаанд, ки дастикам 31 нафар кушта, 90 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
   Ин ҳамла дар шаҳри Урумчӣ сурат гирифтааст. Ин шаҳр маркази вилояти Шинҷони Чин аст ва дар он аксаран мусулмонон зиндагӣ мекунанд. Дар эъломияе, ки субҳи 22 май пахш шуд, мақомоти раҳбарии Шинҷон ин ҳамларо “ҳодисаи ҷиддии террористӣ” арзёбӣ карданд.
   Дар ин минтақаи дорои манобеи ғании  сарватҳои табиӣ моҳҳои ахир хушунат афзоиш ёфтааст. Пекин мегӯяд, дар ин минтақа таҳдидҳои террористӣ вуҷуд дорад ва ҷудоихоҳон аз ҷониби исломи тундгаро ва гурӯҳҳои хориҷӣ дастгирӣ меёбанд.
   Вале таҳлилгарон мегӯянд, ки ин таҳдидҳоро Чин муболиға мекунад, то тадбирҳои саркӯбгаронаи худро дар минтақа тавҷеҳ кунад.
 
Манбаъ: Радиои «Озодӣ»

Май 22, 2014 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст