Таркиш дар бозори Урумчӣ
Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба гузоришҳои расида аз Чин, ҳамлакунандагон ду мошинро дар бозор ба сӯи одамон ронда, ҳамзамон дар ҳоли ҳаракат маводи тарканда партофтаанд, ки дастикам 31 нафар кушта, 90 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Ин ҳамла дар шаҳри Урумчӣ сурат гирифтааст. Ин шаҳр маркази вилояти Шинҷони Чин аст ва дар он аксаран мусулмонон зиндагӣ мекунанд. Дар эъломияе, ки субҳи 22 май пахш шуд, мақомоти раҳбарии Шинҷон ин ҳамларо “ҳодисаи ҷиддии террористӣ” арзёбӣ карданд.
Дар ин минтақаи дорои манобеи ғании сарватҳои табиӣ моҳҳои ахир хушунат афзоиш ёфтааст. Пекин мегӯяд, дар ин минтақа таҳдидҳои террористӣ вуҷуд дорад ва ҷудоихоҳон аз ҷониби исломи тундгаро ва гурӯҳҳои хориҷӣ дастгирӣ меёбанд.
Вале таҳлилгарон мегӯянд, ки ин таҳдидҳоро Чин муболиға мекунад, то тадбирҳои саркӯбгаронаи худро дар минтақа тавҷеҳ кунад.
Манбаъ: Радиои «Озодӣ»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






