Ташаккули ҳуввияти миллии ҷавонон

Май 22, 2014 15:53

Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар, Фотима Кувватова).- Имрўз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ дар мавзӯи “Нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар таҳкими арзишҳои милливу умумибашарӣ” мизи гирд доир гашт, ки дар он директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Худобердӣ Холиқназар, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе Мавлон Шарипов, намояндаи Академияи илмҳои ҶТ М. Ғиёсов, декани факултаи молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоби ба номи А. Рӯдакӣ М. Мирсаидов,  устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ш. Саидов ва мутахасиссону коршиносони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ширкат ва мулоҳизаронӣ намуданд. 
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур баррасии мушкилоти ҷойдошта миёни ҷавонон, коркарди ҷараёнҳои ташаккули ҳуввияти миллии ҷавонон ва таҳкими тафаккури давлатӣ ҳамчун омили устувории давлатдории миллӣ  буд.
 
 
 

Май 22, 2014 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад