Ташрифи Э. Раҳмон ба Донишгоҳи Давлатии Беларус
Душанбе, 24.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи Давлатии Беларус ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни он мулоқоти судбахш анҷом дод.Дар оғози мулоқот бо қарори Шӯрои илмӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Беларус» сарфароз гардонда шуд.Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва аъзои Шӯрои илмии донишгоҳ барои чунин қадрдонии баланд арзи сипос намуда, таъкид дошт: «Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ бо Ҷумҳурии Беларус манфиатдор аст».Тавре аён гардид, дар ин мулоқот донишҷӯёни зиёд аз Тоҷикистон низ иштирок доштанд. Ба иттилои масъулини соҳа, ҳоло беш аз 200 донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус таҳсил мекунанд.Таъкид гардид, ки дар асоси тавофуқоти миёни сарони ду давлат-Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко, минбаъд Ҷумҳурии Беларус натанҳо дар ҳудуди худ мутахассисони тоҷикро омода месозад, балки дар Тоҷикистон низ филиалҳои муассисаҳои таҳсилотии худро боз хоҳад кард.Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дархост намуд, ки танҳо дар Донишгоҳи Давлатии Беларус ҳар сол 100 бурсия(квота) барои донишҷӯёни тоҷик ҷудо карда шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






