Татбиқи 60 лоиҳа баҳри беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Суғд
Душанбе, 30.04.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масоили ҳамкории ҷонибҳо ва тавсеаи он 29 май зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Норимаса Шимомура баррасӣ гардид.
Тавре ки аз маркази матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки дар айни замон дар 14 шаҳру навоҳии вилоят тавассути Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон 60 лоиҳа мавриди татбиқ қарор дошта, умуман то имрӯз 130 лоиҳа амалӣ шудааст.
Дар айни замон дар вилоят ислоҳоти замин бонизом ҷараён дошта, то имрӯз зиёда аз 25 ҳазор нафар саҳмдор соҳиби замини худ гаштаанд, ки ҳадафи аслии ин раванд соҳиби замин намудани деҳқон ва ба ин васила коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳисоб меравад. Умуман дар давоми чор моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави вилоят 14 ҳазор нафар кам шудааст.
Раиси вилоят зикр намуд, ки дар айни замон лоиҳаи азхудкунии 1000 гектар замини дашти Сомғор тарҳрезӣ гашта, дар ин самт бунёди боғи зардолу ва олуи сиёҳ аз тариқи обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад. Норимаса Шимомура омодагии хешро барои ҳамкорӣ дар ин самт баён дошт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






