Технологияи нав маҳсулотро рақобатпазир мекунад
Душанбе, 02.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Корхонаи муштараки Ҷамъияти саҳҳомии «Оби зулол» дар шаҳри Истаравшан аз коргоҳҳои пешқадами соҳаи саноат ба ҳисоб меравад. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафари кории хеш ба шаҳри Истаравшан бо ҷараёни васлу насби хати нави технологӣ дар ин корхона шинос шуд.
Технологияи нав истеҳсоли давлатҳои пешрафтаи Аврупо — Италия ва Фаронса буда, сабаби гузаштан ба таҷҳизоти пешқадам беҳтар намудани сифати обҳои ташнашикан ва бо ин роҳ рақобатпазир кардани маҳсулот аст. Имрӯз дар ҶС «Оби зулол» 316 нафар кор мекунад ва дар натиҷаи фаъол гардонидани хатҳои нави истеҳсолот шумораи коргарон боз 200 нафар меафзояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






