Тоҷикистон мавриди назари таърихшиносони аврупоиву амрикоӣ
Душанбе, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Муаррифии китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони фаронсавӣ дар бинои Осорхонаи шоҳаншоҳии санъат ва таърихи Белгия баргузор гардид. Китоб аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо ширкати иттилоотию консалтингии бонуфузи аврупоӣ «Биг Медиа Груп» бори аввал бо забони фаронсавӣ, 10 марти соли 2014 нашр шуда, аз ҳарду ҷилди китоби аслӣ ва аксҳои таърихи бостонии тоҷикон иборат аст.
Дар оғоз директори осорхона Эрик Губел ва ректори донишгоҳи Весалиус Берт Мосселманс зикр намуданд, ки нашри китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони фаронсавӣ, ки аҳамияти амиқи илмӣ-таърихиро дорост, рӯйдоди муҳиме дар ҳаёти илмиву иҷтимоии Аврупо мебошад.
Профессори Донишгоҳи Гент Бруно Оверлет ҳамчун муҳаррири китоби мазкур ба ҳозирин дар бораи муҳтавои умумии китоб, ки таърихи тоҷиконро аз Ориён то Сомониён инъикос менамояд, маълумот пешниҳод кард.
Президенти ширкати «Биг Медиа Груп» Тию Кейперс таъриху фарҳанги бойи мардуми тоҷикро ба намояндагони доираҳои илмӣ шарҳ дода, иброз намуд, ки Тоҷикистон мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоб дошта, ҷолиби диққати сайёҳон, таърихшиносони аврупоиву амрикоӣ мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






