«Турнаҳо дар баҳорон»- ғолиби озмуни «Новеллазия»
Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Муҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Толибшоҳи Давлат дар озмуни «Новеллазия», ки бунёди «НюЕвразия» барои нависандагони Осиёи Марказӣ эълон дошт, бо «Турнаҳо дар баҳорон» ном асараш ғолиб дониста шуд.
Озмун моҳи феврали соли равон эълон гардида, қабули асарҳо то якуми апрел идома дошт. Ба озмун аз Осиёи Марказӣ 94 нафар беш аз 100 асар пешниҳод кардаанд. Аз Тоҷикистон 15 адиб ширкат намуд. Забон барои асарҳои пешниҳодшуда маҳдудият надошт, муаллифон бо забонҳои худ ва забони русӣ навиштаҳояшонро ироа карданд.
Дар баробари нависанда ва рӯзноманигори тоҷик дар феҳристи панҷгонаи ғолиб, инчунин Канат Омар аз Қазоқистон, Сафар Каттабоев, Сид Янишев ва Муҳаммадшариф Маматқулов аз Ӯзбекистон низ шомил шуданд.
«Турнаҳо дар баҳорон» дар бораи ҳаёти муҳоҷирони меҳнатӣ қисса мекунад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






