Ваҳдати миллӣ ва мақоми он дар ғалаба дар ҶБВ

Май 22, 2014 13:26

    Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар,  Лайло  Тоирӣ). —  Имрӯз ,  22  май,  дар  вилояти  Нижный  Новгороди Федератсияи  Русия  конфронси  илмии  шаҳрии «Ваҳдати  миллӣ  ва  мақоми он  дар ғалаба  дар  ҷанги  Бузурги  Ватанӣ» баргузор  мегардад.
Конфронс  бо  ибтикори  Созмони  минтақавии ҷамъиятии «Конгресси халқҳои форсизабон»  якҷоя  бо  Осорхонаи  таърихи  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ ва Қувваҳои  мусаллаҳи  Созмони  минтақавии Нижный  Новгород  ва  Китобхонаи  давлатии  бачагонаи  ин  вилоят роҳандозӣ  мешавад. 
Тавре  ки  раиси Созмони  минтақавии ҷамъиятии «Конгресси  халқҳои  форсизабон» Эраҷ  Боев  хабар  дод,  мақсад  аз  ин  чорабинӣ  иборат  аз  инъикоси  мақоми  ваҳдати  миллӣ дар  Ғалабаи  бузург, шиносоии  мардуми  Русия  бо   саҳми  намояндагони миллатҳои  гуногун,  аз ҷумла  саҳми  халқи  тоҷик ба  ҳифзи  Ватан мебошад.
Қобили  зикр  аст, ки халқи  Тоҷикистон  ҳам  дар  ҷабҳа  ва  ҳам дар  ақибгоҳ  ба ғалабаи умумӣ  ҳисса  гузоштааст.  
Дар  кори  конфронс  намояндагони муассисаҳои  илмӣ,  кишваршиносон,  муаррихони  соҳаи  ҳарбӣ,  роҳбарони ҷамъиятҳои  фарҳанги  миллии  минтақа ва хонандагони  муассисаҳои  таҳсилотӣ иштирок  менамоянд.
 

Май 22, 2014 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст