«Ватанро обод мекунем!»-нидои ҷавонон
Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). -Ҳамоиши ҷавонони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» — Қайроққум ба ифтихори таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз сафороии намояндагони ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоату шаҳракҳо оғоз ёфт.
Расми гузашти ҷавонон аз кӯчаи марказии шаҳр оғоз гардид, ки дар он ҷавонони зиёд дар даст шиору овезаҳо, Парчами давлатӣ, аксҳои Президенти мамлакат ва дигар Қаҳрамонони Тоҷикистонро доштанд ва бо нидоҳои «Ватанро обод мекунем!», «Ояндаи Тоҷикистон шукуфон аст!», «Мо созандагони ояндаи диёрем!» сӯи маркази Сомониён равона буданд.
Сипас, дар маркази Сомониён чорабинии идона доир шуд, ки дар он Худойназар Амонзода, раиси шаҳри Қайроққум кулли ҷавонони шаҳрро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфт.
Дар ин рӯз инчунин ба хонандагони пешсаф шаҳодатномаи гирандагони идрорпулии Президенти мамлакат ва раиси шаҳри Қайроққум дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






