Виктор Иванов ҳайати шахсии АНМН-ро табрик кард

Май 28, 2014 11:15

Душанбе, 28.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Директори Хадамоти Федеролии Федератсияи Русия оид ба назорати маводи нашъаовар Виктор Иванов дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ташриф оварда, бо ҳайати шахсӣ вохӯрӣ намуд. Директори агентӣ Рустам Назаров ба роҳбари Хадамоти Русия барои расонидани кумак ва дастгирӣ ба агентӣ дар соҳаи мубориза бар зидди маводи нашъаовар арзи сипос намуд. «Агентӣ бо анъанаҳои мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Хадамоти Русия мефахрад, ки онҳо заминаи боэътимод барои рушди оянда дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, маводи психотропӣ ва сӯйистеъмол аз онҳо мебошанд»- иброз намуд Рустам Назаров. Директори Хадамоти Русия ба кори ҳамоҳанги мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон баҳои баланд дода, зикр намуд, ки мушкилоти интиқоли маводи нашъаовар танҳо мушкилоти як кишвар нест ва даъват намуд, ки тамоми қувва барои ташкили мубориза бар зидди маводи нашъаовар муттаҳид шавад. Виктор Иванов роҳбарият ва ҳайати шахсии агентиро ба муносибати 15-солагӣ табрик намуд. Як гурӯҳ кормандони агентӣ ба муносибати 15-солагии таъсиси идора аз номи Хадамоти Федератсияи Русия оид ба назорати маводи нашъаовар бо медал ва туҳфаҳои қиматбаҳо қадрдонӣ шуданд.Дар вохӯрӣ инчунин кормандони масъули Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд.

Май 28, 2014 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд