Викторинаи экологӣ дар дараи Варзоб

Май 13, 2014 08:47

Душанбе, 13.05.2014 (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-11 майи соли ҷорӣ бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ҳифзи табиат якҷоя бо хонандагони гимназияи махсуси Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дар  шаҳри  Душанбе дар яке аз мавзеъҳои хушманзари ноҳияи Варзоб чорабинии экологӣ доир гардид.
 Раиси кумита Хайрулло Ибодзода ба хонандагон барои иштирок дар ин чорабинии экологӣ изҳори миннатдорӣ кард. 
Дар омўзишу шарҳи масъалаҳои экологӣ хонандагон маҳорати хуб нишон дода, ба саволҳои викторина пурраю пурмазмун ҷавоб доданд. Иштирокчиёни фаъоли викторина бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Мақсади асосии чорабинӣ сайқал додани завқи  насли наврас  буда, он дараҷаи ватандўстиву маърифатнокии онҳоро дар самти ҳифзи муҳити зист қавӣ мегардонад. 
 
 
 

Май 13, 2014 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст