ВКД: Тафтиши фаъолияти «Роҳи оҳани Тоҷикистон» асоси воқеӣ надорад
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). — Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хабарҳои дар Васоити ахбори омма ба табъ расида, ки гӯё Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо дигар вазорату идораҳо маблағҳои азхудкардаи собиқ раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулоҳи Ҳукуматуллоҳро таҳқиқ мекунад, чунин иттилоъ медиҳад, ки ин хабарҳо комилан нодуруст буда, асоси воқеӣ надоранд.
Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ягон гурӯҳи махсуси муфаттишон таъсис дода нашудааст ва фаъолияти собиқ раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулоҳи Ҳукуматуллоҳ мавриди тафтишу таҳқиқ қарор нагирифтааст.
Дар ин бора дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ дода шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






