Восеъ: Ташкили 141 ҷойи нави корӣ
Восеъ, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Восеъ дар чор моҳи соли ҷорӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонид. Ба гуфти сардори раёсати мазкур Маҳмадисо Қурбонов дар ин давра бо масъалаи шуғл ба раёсат 582 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки 214 нафараш зан мебошад. Мувофиқи барномаи касбомӯзӣ 100 нафар дар курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ омӯзонида шуда, бо ихтисосҳои барномасози компютер, дӯзандагӣ, занбӯри асалпарварӣ, заргарӣ ва дигар касбҳо таъмин гардиданд. Мавриди зикр аст, ки дар ин давра дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия 141 ҷойи нави корӣ ташкил шуд, ки аз ин 103 ҷой ба соҳаи тандурустӣ, 4 ҷой ба фарҳанг, 10 ҷой ба маркази савдои «Султони Кабир», 17 ҷой ба ҶСК «Хоҷамуъмин» ва дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия тааллуқ дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






